Ба вуқӯъ пайвастани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар
28-уми августи соли 2025, тахминан соати 15:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Шакман», Одинаев Шодиқул Одинаевич, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Бобоева Сулҳия Бобоҷоновна, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Панҷакентро, ки аз тарафи чапи роҳ ба тарафи рост убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Бобоева С.Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуда, дар беморхона вафот кардааст.
29-уми августи соли 2025, тахминан соати 06:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерсадес-Бенс», Норбойзода Амид Аюбҷон, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи И.Сомонии шаҳри Гулистон ба самти ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, дучархарон Ҷӯраев Сайдулло Ҳасанович, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Гулистонро, ки аз тарафи чапи роҳ ҳаракат мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Ҷӯраев С.Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ходиса ба ҳалокат расидааст.
29-уми августи соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Камри”, Ҳамдулло Абибуллозода, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Рудакӣ, ҳангоми ҳаракат дар чорроҳаи кӯчаи Ҷавонони ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобил баромада ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Солярис”, таҳти идораи ронанда Ҳафизов Мақсуд Саидмуҳиддинович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи мазкур бархӯрда, сипас ба канори чапи роҳи мошингард ҳаракат намуда, дар назди дукони нонпазӣ ноболиғ Маҳмадализода Мухлиса Қудратулло, соли таваллудаш 2013, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Маҳмадализода М.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















