Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 23-сола бо ҷурми азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршавада, аз моҳи августи соли 2023 дар ҶДММ “Мадад Фарм” ҳамчун фурӯшанда кор карда, моҳи феврали соли 2025, аз хазинаи дорухона 82 ҳазору 907 сомонӣ гирифта, ба роҳбарияти ҶДММ насупорида, маблағи мазкурро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад

30.08.2025 8:41
24