ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ!
Аз 1-уми сентябри соли 2025 назорат барои таваққуфи нодуруст дар ҷойҳои манъшуда, бахусус дар хатти дуюми ҳаракати роҳ (ба истиснои нақлиёти «Ёрии таъҷилӣ» ва «Хадамоти оташнишонӣ»), шадидан сахттар карда мешавад.
Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои истгоҳ, ронандаи воситаи нақлиёт мутобиқи моддаи 324-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, худи воситаи нақлиёт фавран ба майдони махсуси нигоҳдорӣ (штрафстоянка) барои муҳлати тӯлонӣ равона карда мешавад.
Аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёти шахсию давлатӣ ва хизматӣ дар пойтахти кишвар, шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ қатъиян талаб карда мешавад, ки бомаърифату масъулияти баланд қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоянд!
















