Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаи дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 46-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 25-уми августи соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Хуросони шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ як адад баландгӯяки тамғаи “Броди”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 41-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

27.08.2025 8:30
46