Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду зан барои савдои одамон

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар савдои одамон дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии апааш зани 46-сола, занони 46 ва 27-солаи сокинони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ёвонро бо баҳонаи бо кор таъмин кардан ҷалб намуда, ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия равон намудааст.
Баъдан онҳоро дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Москваи Федератсияи Россия мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор додаанд.
Ҳамзамон ҳардуи онҳоро ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, аз дасташон шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳоро бо роҳи фиреб ва маҷбурӣ гирифта, гаштугузори онҳоро маҳдуд намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 иловаи 1 моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

26.08.2025 8:18
43