Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷинояткор дастгир гардид

Шаҳрванд Миров Баҳриддин Тошевич бо тахаллуси «Ҳоҷӣ-Файз» санаи 15 феврали соли 1980 дар деҳаи Муллодавлати шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст, дар содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, тамаъҷӯӣ, бандитизм, азобу уқубат ва гаравгонгирӣ дар кофтукови расмӣ қарор дошт.
Дар натиҷаи ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектони хориҷӣ шаҳрванд Миров Баҳриддин Тошевич дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия дастгир карда шуда, 19-уми августи соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардид.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар муроҷиат ва хоҳиш менамояд, ки агар вобаста ба ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрванд Миров Баҳриддин Тошевич маълумот ва далеле доред ва ё мавриди амалҳои ҷинояткоронаи ӯ қарор гирифтаед, метавонед тавассути телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва тариқи рақамҳои 221-01-49, 918-72-00-00 ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД муроҷиат намоед. 

25.08.2025 17:04
296