Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо хатмкардагони Академияҳои хориҷи кишвар

23-юми августи соли 2025 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо як зумра хатмкардагони донишгоҳу донишкадаҳои ҳуқуқшиносӣ ва Академияҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил фиристода шуда буданд, вохӯрӣ доир намуд.
Мавриди қайд аст, ки кадрҳои ҷавон бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар самтҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ ба вазифаҳои мутобиқ ба ихтисоси худ таъйин карда шуданд.  
Вазири корҳои дохилӣ зимни суҳбат бо кадрҳои ҷавон онҳоро ба муносибати таъйин шуданашон ба вазифаҳои муҳиму масъулиятнок табрику таҳният намуда, барояшон дар ҷодаи хизмати бошарафона ба Ватан, барору комёбиҳо таманно кард. 
Мавриди қайд аст, ки се нафари онҳо Академияи ВКД Федератсияи Россияро бо дипломи аъло хатм намудаанд.
Дар рафти вохӯрӣ  зикр гардид, ки афсарони ҷавон - ҳомиёни ҳуқуқро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ ва сайқал додани илму дониши худ пайваста саъю талош намуда, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Изҳори итминон карда шуд, ки кадрҳои ҷавон рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.

23.08.2025 12:39
237