Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гадидани ҳолати ғоратгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 15-уми августи соли 2025, тахминан соати 11:00, дар деҳаи Сепулаи шаҳри Истаравшан бо роҳи зӯроварӣ аз дасти пиразани 70-солаи сокини шаҳри мазкур 1-адад телефони мобилии тамғаи «ХОНОР-Х7», ки арзишаш 2 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

20.08.2025 8:48
43