Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза пиразани 70-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо як адад телефони мобилии тамғаи “Нокия”, ду адад ангуштарини тиллогӣ ва 1 ҳазору 300-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Балҷувон аризаи ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 16-уми августи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи деҳаашон 5-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонони 22 ва 18-солаи сокинони ноҳияҳои Балҷувону Кӯшониён содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
















