Боздошти зани 30-сола барои ташкили фоҳишахона ё даллагӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 30-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони ташкил ё нигоҳдоштӣ фоҳишахонаҳо, далагӣ ё занҷалобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз ҷавони 23 ва зани 39-солаи сокинони ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб 200-сомони гирифта, дар як ҳуҷраи хонаи истиқоматияшро барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам овардааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

















