Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ноболиғи 17-сола барои авбошӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гуноҳи содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 13-уми августи соли 2025, тахминан соати 22:00, дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ назди истгоҳи таксиҳои “Душанбе-Бохтар” бо ҷавони 18-солаи сокини пойтахт ҷангу-ҷанҷол намуда, якдигарро дашномҳои қабеҳ дода бо корди ошхонагии дар дасташ буда як маротиба дар пои чапи ҷабрдида зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

16.08.2025 8:49
29