Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АШТ: ҳолатҳои пешгирӣ аз савдои одамон

14-уми августи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои талаботи “Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон барои солҳои 2025 - 2027”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.07.2025 таҳти №403 тасдиқ шудааст, чорабинии иттилоотӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ташкил ва гузаронида шуд.
Чорабинии иттилоотӣ зери роҳбарии муовини раиси ноҳияи Ашт Абдуллозода Аниса Ҷалилӣ, директорони МТМУ ноҳияи Ашт, аҳли ҷамоатчигӣ, масъулини ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва намояндаидафтари САҲА дар шаҳри Душанбе - дар умум 85 нафар иштирок доштанд.
Мақсади баргузории чорабинии мазкур ин баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии масъулини соҳаи маориф вобаста ба мафҳум ва пешгирии савдои одамон мебошад.  
Дар рафти чорабинӣ сардори шуъбачаи мубориза зидди хариду фуруши одамони ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Ҳабибзода Рамазон Ҳабиб вобаста ба хатари ҷиноятҳои самти савдои одамон дар назди ҳозирин баромад кард.
Ҳамзамон дар ин чорабини зикр карда шуд, ки пешгири аз ин амалҳои ношоиста, ки ба шаъну шарафи инсонӣ костагиҳо меорад, моро зарур аст, ки ҷиҳати пешгириҳои он тамоми кӯшишҳои худро равона созем. Савдои одамон ин амалест, ки онро на давлату миллат бахшида наметавонад. Аз ин рӯ аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми дучор шудан ба чунин ҳолатҳои ношоиста ба кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд. Мову шумо дар якҷоягӣ метавонем, пеши роҳи ин гуна нафаронро гирем.
Баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.

18.08.2025 9:47
66