Рух додани ҳодисаҳои нақлиётӣ
13-уми августи соли 2025, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада-Гранта», Ҳасанов Қиёмиддин Салоҳиддинович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Бустон ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Деҳмой-Конибодом», дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дучархарони ноболиғ Соибназаров Муродбек Шерозбекович, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ Соибназаров М.Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
14-уми августи соли 2025, тахминан соати 03:40-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “Скутер”, Ғиёсов Камолиддин Киромиддинович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навоии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Тайота Авенсис”, таҳти идораи Шарипов Ғафурбек Назифович, соли таваллудаш 1990, сокини ҳамин ноҳя бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи мототсикли мазкур ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

















