Ошкор шудани ҳолатҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони азонихудкуни ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, муовини директори ҶДММ «Барз», ки дар фирмаи сохтмонии шаҳри Хуҷанд кору фаъолият намуда, моҳи июли соли 2024 дар асоси протоколи тендери барои таъмир намудани бино ва толори шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷандро ба уҳда гирифта, дар давоми моҳи июн-августи соли 2024 бо ҷалби устоҳо марди 28-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ва дигарон таъмирро ба иҷро расонида, музди меҳнати устоҳоро барои кори иҷрошуда, ки моҳҳои июн ва августи соли 2024 ба маблағи 59 ҳазору 674-сомониро дарбар мегирад, пардохт накарда, маблағҳои аз ҷониби ҶДММ-и мазкур барои пардохти музди меҳнати устоҳо ҷудошударо азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини шаҳри Бохтар, собиқ намояндаи савдои фуруши ҶДММ “Таджеро”-и шаҳри Бохтар дар вақти фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш 111 ҳазору 105-сомониро азонихуд карда, ба ширкати мазкур зарари ҷидди расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Бохтар, собиқ намояндаи савдои фуруши ҶДММ “Таджеро”-и шаҳри Бохтар дар вақти фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш 142 ҳазору 330-сомониро азонихуд карда, ба ширкати мазкур зарари ҷидди расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















