Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешгири аз савдои одамон мароми мост

11-уми августи соли 2025 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и шаҳри Панҷакент бо ташабуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои талаботи “Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон барои солҳои 2025 - 2027”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, чорабинии иттилоотӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ташкил ва гузаронида шуд.
Чорабинии иттилоотӣ зери роҳбарии раиси комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон - муовини раиси шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода баргузор гардида, дар он намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Фарух Сафарзода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Илҳом Саидахмедов, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент Усмонзода Мақсатилло, директорон ва муовинони МТМУ-и шаҳри Панҷакент оид ба тарбия, мудирони кӯдакистонҳо, равоншиносон, аҳли ҷамоатчигӣ, масъулини ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд ва намояндаи дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе - дар умум 257 нафар иштирок доштанд.
Мақсади баргузории чорабинии мазкур ин баланд бардоштани сатҳи маълумоти масъулини соҳаи маориф вобаста мафҳум ва пешгирии савдои одамон мебошад.
Савдои одамон ин омили хатарноки ҷомеа буда барои пешрафти давлату миллат костагиҳои зиёдеро ба бор меорад. Аз инрӯ ҳар яки моро зарур аст, ки дар пешгирии ин гуна амалҳои номтлуби ба ҷомеа хатарнок саҳмгузори намоем. Баргузории ингуна чорабиниҳои мақсаднок пеш аз ҳама миёни қишри пешбарандаи ҳаёти ҷомеа воситаи муҳим мебошад. Зеро онҳо дар ҳамкории зичи худ бо аҳолӣ метавонанд ин зуҳуроти номатлубро пешгири намоянд.

12.08.2025 18:57
90