Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён, намояндаи савдои фуруши ҶДММ «САРДОР-2008»-и шаҳри Бохтар бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, дар вақти фаъолияти кориаш дар ҷамъияти мазкур даст ба ҷинояти қасдона задааст, ки моҳияти он азонихудкунӣ ё исрофкорӣ бо истифодаи ваколатҳои мансаби тасаруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳкор боваркарда супоридааст ё дар ихтиёри ӯ мебошад, содир карда маблағи 175 ҳазору 104-сомониро азонихуд намуда ба ҶДММ «САРДОР-2008»-и шаҳри Бохтар зарари ҷидди расонидаст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

12.08.2025 8:52
27