Ошкор шудани кирдори даллагии зани 31-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкили фоҳишахонаҳо даллагӣ ё занҷалобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда хонаи ба иҷора гирифтаашро муддати 3-моҳ мешавад, ки ба фоҳишахона табдил дода, бо мақсади бадаст овардани фоидаи муфт 9-уми августи соли 2025, хонаи истиқоматиашро барои марди 38 ва зани 40-солаи сокинони шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ шароит фароҳам оварда аз онҳо 500-сомонӣ ҳаққи хизмат гирифтааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.















