Даст ба авбошӣ задани ду ҷавон
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи шоҳмансур аризаи ҷавонони 23 ва 25-солаи сокинони ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 5-уми августи соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар кӯчаи А.Дониши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷавонони 18 ва 20-солаи сокинони шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо онҳо муноқиша намуда, дар рафти муноқиша ҷавони 20-сола бо корди дар дасташ буда, ба пойи рости ҷавони 23-сола 1-маротиба зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















