Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар

6-уми августи соли 2025, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “УАЗ”, Солиев Бахтиёр Маҳкамович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ҳисор ба самти деҳаи Хоҷамастони ҷамоати деҳоти X.Куҳи дар ҳудуди деҳаи Шамал аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада бо канори чапи роҳ, ба нишеби тахминан 30-метр чапа шудааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур ҳамсари ронанда Шоҳимова Бибикалон Боболатиповна, соли таваллудаш 1978, сокини ҳамонҷо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, фарзанди ноболиғаш, Солиева Сумайя Бахтиёровна, соли таваллудаш 2008, сокини ҳамон ҷо ва худи ронанда ба саломатиашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
7-уми августи соли 2025, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ОПЕЛ-АСТРА», Махсудов Раҳматулло Маҳмадович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Балҷувон ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти ноҳияи Темурмалик дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба чуқурии тахминан 50-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Маҳмадалиев Муҳаммадҷон Сафаралиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Балҷувон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

08.08.2025 8:49
40