Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба хариду фурӯши автомашина
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун гумонбар дар содирн намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи январи соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун даромада, аз ӯ 300 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки 1-адад автомашинаи тамғаи (Дулан) оварда медиҳад, аммо ягон амалро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















