Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 21-сола барои лату кӯби падараш

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 20-уми июли соли 2025, тахминан соати 17:00, дар хонаи истиқоматиаш қарор дошта аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо падараш марди 44-солаи сокини ҳамонҷо, ки дар ҳолати масти қарор дошт ҷангу ҷанол намуда, бо кафгири хуроктайёркунӣ ба сари падараш марди 44-сола зарба зада ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун ҷароҳати «вазнин» ба саломатӣ мансуб дониста  шудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

07.08.2025 8:25
36