Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ барои азонихудкунӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонабршаванда, соли 2022 дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба воситаҳои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №29 аз ҷумла мошинсарой, ки аз эътибор соқит карда шудааст, созиши шифоҳӣ бо МТМУ №29 ва аҳолии деҳаи Ковиён барои соҳибдори намудани масолеҳи сохтмонии мошинсарой ихтиёрдорӣ пайдо карда, уҳдадор шудааст, ки бар ивази он барои муассисаи мазкур майдончаи варзишӣ сохта диҳад.
Сипас, гумонбаршаванда масолеҳи сохтмонии мошинсарой аз ҷумла 60 дона плита ва 18-дона посутунро гирифта ба фуруш бароварда, маблағҳои ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф карда, аз сохта додани майдончаи варзишӣ даст кашидааст. Гумонбаршаванда ба муассисаи мазкур 83 ҳазору 700-сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст. 
Нисбаташ бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

06.08.2025 8:50
33