Рух додани ҳодисаҳои нақлиётӣ бо оқибати нохуш
2-юми августи соли 2025, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи автомашиани тамғаи “Опел Астра”, Маҳмадов Ҷурахон Алимович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Балҷувон ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафобахши ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагарди ноболиғ Шарифзода Сулаймон Низомуддин, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи Балҷувонро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ Шарифзода С.Н. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ба ин монанд санаи 2-юми августи соли 2025, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте», Имомалиев Давронҷон Очилдиевич, соли таваллуаш 1974, сокини ноҳияи Ашт ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ҳангоми ба сабқат баромадан бо қисми паҳлуи росташ ба автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», таҳти идораи Хайруллоев Санҷар Рафторҷонович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи мазкур, ки аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Ашт ҳаракат дошт бархӯрдааст.
Дар натиҷа ҳар дуи автомашинаҳо берун аз роҳ чаппа шудаанд.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте» Имомалиев Д.О. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, мусофири дар дохили автомашина буда, Мерганова Фотима Ҳакимҷоновна, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Гулистон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















