Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 23-сола бо гумони роҳзанӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ариза зани 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 1 ба 2-юми августи соли 2025, тахминан соати 01:00, шахси номаълум дар рӯяш ниқоб, бо корди мусалаҳ ғайриқонуни вориди ҳуҷраи хобаш шуда бо истифодаи зӯроварӣ аз ҷабрдидада маблағи пулӣ талаб намуда, ҳуҷраҳои хонаашро кофтуков намуда, қулфҳои ҳуҷра, ҷевонҳо ва дигар лавозимотҳои хонаро шикаста маблағи пулӣ дарёфт накарда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

04.08.2025 8:16
17