Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ 

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустучӯӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша-супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои сардорон, муовинони сардорони ШВКД оид ба корҳои оперативӣ ва сардорони шуъбачаҳои кофтукови ҷиноятии шаҳру ноҳияҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, марҳилаи 8-уми он гузаронида шуд.
Баъд аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддат иштирокчиён дар назди комиссияи босалоҳият, ки роҳбарии онро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бар уҳда дошт аз санҷиш гузаронида шуда, ба иштирокчиён Сертификат дода шуд.

04.08.2025 15:58
174