Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду ҳодисаи нақлиётии марговар

31-уми июли соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Рустамов Соҳибҷон Самиҷонович, соли таваллудаш 2005, сокини  шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди маҳаллаи Саритуқайи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Б.Ғафуров ҳаракат карда истода, аз сабаби баланд будани суръати ҳаракат, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Сафарова Парвина Абдуллоевна, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи мазкур, ки роҳро убур мекард пахш кардааст.
Дар натиҷа пиёдагард Сафарова П.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
31-уми июли соли 2025, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Авенсус», Ёриев Исматулло Ғайбуллоевич, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов ҳангоми ҳаракат дар 257 километри шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Истаравшан ҳаракат кардан, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ берун гашта, ба садамаи нақлиётӣ дучор гаштааст.
Дар натиҷа ронанада Ёриев И.Ғ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳдисаҳо таҳқиқот идома дорад.

02.08.2025 8:26
79