Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 41-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат мактуби ҶДММ“Пакрут” ворид гардидааст, ки аз 26 ба 28-уми июли соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди корхонаи ҶДММ “Пакрут”, воқеъ дар дараи Ромит 4,1-тонна арматураи қутраш-16 милиметр, ки арзиши умумиашон 59 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

02.08.2025 8:24
54