Ҳалокати ду нафар бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ
30-юми июли соли 2025, тахминан соатҳои 20:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Айон-С”, Эмомов Амирҷон Саймуродович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат дар назди МТМУ №1-и шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шералиев Саидмузафар, соли таваллудаш 1947, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст, ки дар натиҷа Шералиев С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин санаи 31-уми июли соли 2025, тахминан соати 12:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «SONG PLUS», Алимадов Мустафо Нарзулоевич, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дучархарон Тилоев Қудратхуҷа Исмоилович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст.
Дар натиҷа Тилоев Қ.И. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

















