Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари минтақавии омӯзишӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

29-30 июли соли 2025 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон семинари минтақавии омӯзишӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба вокуниш ба таҳдидҳои маводи мухаддири синтетикӣ, аз ҷумла моддаҳои нави психоактивӣ баргузор гардид.
Семинар дар якҷоягӣ бо Идораи минтақавии СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва CARICC ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии итилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (бо қароргоҳ дар Ҷумҳурии Қазоқистон) полковники милитсия Сафарзода Эмомалӣ иштирок намуд.
Ҳадафи аслии баргузории чорабинӣ муаррифии таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи мониторинги маводи мухаддир, фаъолгардонии табодули иттилоот ва таҳияи равишҳои муосири мубориза бо ҷиноятҳои мухаддирот иборат буд.
Гул Маҳбуба

31.07.2025 15:53
86