Дастовардҳои навбатӣ дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Таэквондо ВТ миёни наврасон
Имрӯзҳо таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, рушду пешрафти бесобиқа ёфтааст. Варзиш яке аз воситаҳои муҳими ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими нерӯи ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон ба ҳисоб меравад ва дар тарбияи шахсияти ватандӯст, рӯҳан қавӣ ва дорои эҳсоси баланди масъулият нақши муҳим мебозад.
Дар қатори дигар намудҳои варзиш, Таэквондо ВТ — ҳамчун як намуди расмии олимпӣ — дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоси худро пайдо карда, дар миёни наврасону ҷавонон маъруфият дорад. Ин навъи варзиш на танҳо қобилиятҳои ҷисмониро инкишоф медиҳад, балки бо принсипҳои ахлоқиву тарбиявии худ — аз қабили эҳтиром, интизом, устуворӣ ва худтанзимкунӣ — ҳамчун як мактаби воқеии зиндагӣ низ хидмат мекунад.
Дар ҳамин замина, аз 25 то 27 июли соли 2025 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Таэквондо ВТ миёни наврасон баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа, дастаи “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии муовини Шурои ҷумҳуриявии “Динамо”, сармураббии Таэквондо ВТ — полковники милитсия Шоҳиён А. ва мураббиён Ҳайдарзода Д.П. ва Шарипов Б.И. иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд.
Таэквондочиёни ҷавони даста бо маҳорати баланди варзишӣ ҳунарнамоӣ намуда, сазовори 9 медал гардиданд, ки иборатанд аз 4 медали тилло, 1 медали нуқра, 4 медали биринҷӣ.
Ин натиҷаи назаррас самараи заҳмати пайвастаи мураббиён, кӯшишу ғайрати самимии варзишгарон ва муҳайё гардидани шароити хуби тамрин мебошад.





















