Қадрдонии динамочиён барои иштироки фаъол дар мусобиқаҳои футбол
Барои хизматҳои софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, ишғол намудани ҷойҳои ифтихорӣ дар мусобиқаҳои футбол 12 нафар аъзои дастаи футболи «Динамо»-и ВКД аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо медалҳои «Садоқат», «Хизмати шоён, дараҷаи 2» ва Раҳматномаву Ифтихорномаҳои фахрӣ қадрдонӣ гардиданд.
Зимни маросими тантанавӣ муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД подполковники милитсия Сафаралӣ Довудзода иброз дошт, ки футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар миёни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо, барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятҳоро амалӣ сохтааст.
Аз ҷумла, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади иҷрои босамари Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои таъсирбахшро бо мақсади тарғибу ташвиқи ин намуди варзиш дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Дар ин ҷода, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетафовут нест, зеро роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ рушди футболро дар ҷойи аввал гузошта, шароити ҷойи бозии футболро барои кормандони милитсия дар Варзишгоҳи «Спитамен» ва толори пӯшидаи Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД муҳайё намудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2025 дастаи футболи «Динамо»-и ВКД дар 10 мусобиқаи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, хушбахтона, дар чанд бозӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, дар мусобиқаҳои «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷоми Вазири мудофиа», «Ҷоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш», «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», «Ҷом бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии футбол» ва «Ҷоми Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ» ҷойҳои намоёну ифтихориро соҳиб шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар мусобиқаи «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» 100 даста бо фарогирии 1500 нафар кормандони вазорату кумита, раёсат, ташкилоту муассиса, корхонаву ҷамъиятҳо ва дӯстдорони футбол иштирок намуданд. Дар ин сабқат дастаҳои футболи ҷавонон ва собиқадорони «Динамо»-и ВКД аз худ маҳорати баланд нишон дода, ғолибиятро ба даст оварданд.
Дар идомаи маросими қадршиносӣ муовини аввали Раиси Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ иброз дошт, ки 25-уми майи соли 2024 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид кишварҳои узв нахустин бор Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд, ки он бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардида буд. Аз ин пас ҳамасола дар саросари ҷаҳон, хосатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Мақсади асосии баргузории мусобиқаҳои футбол низ дастгирии сиёсати созандаву варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Баргузории бозии футбол ва иштироки фаъолонаи динамочиён дар онҳо баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими робитаҳои дӯстона байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани рӯҳияи варзишӣ равона гардидааст.
Динамочиёни ВКД дар чунин чорабиниҳо минбаъд низ иштирок менамоянд, зеро варзиш на танҳо саломатӣ, балки масъулиятшиносӣ ва ҳамдигарфаҳмиро низ тақвият мебахшад.
Наврӯз ҶОБИРОВ

























