Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Беҳтарсозии шароити кору хизмат дар сохторҳои ВКД

29-уми июли соли 2025 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз биноҳои Шуъбаи махсуси карантинии милитсия ва Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуда, бо шароити хизматбарии онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намуд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ аз корҳои таҷдиду азнавсозии бинои Шуъбаи махсуси карантинии милитсия, воқеъ дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ боздид намуда, ҳайати шахсии ин ниҳодро ба хизмати софдилонаву содиқона ҳидоят намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки бинои мазкур пас аз таъмиру таҷдид бо техникаву таҷҳизоти  замонавӣ пурра таъмин гардид.
Вазири корҳои дохилӣ дар идома аз шароити хизматӣ ва моддӣ-маишии Раёсати сохтмони асосии ВКД аз наздик шиносоӣ пайдо карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.

29.07.2025 13:43
196