Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷиноятҳои азонихудкунӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 31-солаи сокини шаҳри Ҳисор тахминан аз моҳи сентябри соли 2024 дар дорухонаи бинои Тавалудхонаи №3, воқеъ дар кӯчаи Н.Махсум кору фаъолият намуда, аз намояндаи ширкати ЧДММ “Мадад фарм” ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ваколатнома маҳсулоти доруворро ба миқдори 136 ҳазору 224-сомонӣ гирифта, ваъда медиҳад, ки маблағро дар муддати кӯтоҳтарин пардохт мекунад.
Аммо гумонбаршаванда дорувориҳоро қабул карда, ба савдо гузошта аз ин маблағ танҳо 18 ҳазору 624-сомониро пардохт карда, боқимонда маблағи 117 ҳазору 600-сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе аз 23-юми феврали соли 2023 дар ширкати хӯроквории ҶДММ “Файзизода”, ба ҳайси намояндаи тиҷорат ва савдо фаъолият карда, аз маблағи ширкат 83 ҳазору 516-сомонӣ гирифта, 65 ҳазору 284-сомонӣ ворид карда, боқимонда 18 ҳазору 252-сомониро азонихуд карда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

29.07.2025 8:54
48