Пахши пиёдагарди ноболиғ дар ноҳияи Восеъ
24-уми июли соли 2025, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холзода Сорбон Тоҷиддин, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Заркорони ҷамоати деҳоти Бобошоҳиён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ноболиғ Носирзода Илёс Убайдулло, соли таваллудаш 2018, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ Носирзода И.У. ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
















