Ифшо гардидани ҳолати дуздии чорво
Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза марди 57-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми июли соли 2025, тахминан соати 12:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз сари заминҳои хоҷагии деҳқониаш, воқеъ дар деҳаи Дарқади ҳамин ноҳия 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Фархор содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















