Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фрдавсӣ бо ариза зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2024 бо роҳи фиреб ба бовариаш марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада аз ҷабрдида дар чанд марҳила 620 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ӯ ваъда медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ маблағҳоятро чандин маротиба зиёд карда бармегардонад ва то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 58-солаи сокини шаҳри Бохтар моҳи июли соли 2024, аз рӯи маслиҳати пешакӣ, тавасути шарикаш марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур ба боварии марди 37-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, шарикаш марди 33-сола аз ҷабрдида 300 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда медиҳанд, ки бар ивази маблағҳои гирифтааш аз ҳудуди бозори ҶДММ «Фаровон»-и шаҳри Бохтар, як мағозаи фуруши парда гирифта медиҳанд. 
Гумонбаршаванда аз ҳисоби маблағҳои бо ин роҳ ба даст овардаашон 216 ҳазор сомониашро аз шарикаш гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намуда, боқимонда маблағи 84 ҳазор сомонии дигарашро шарикаш марди 33-сола ба манфиати худаш сарф намуда, ба фоидаи ҷабрдида ягон амалро иҷро накардаанд. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

25.07.2025 8:43
22