Ба вуқӯъ пайвастани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар
19-уми июли соли 2025, тахминан соати 20:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Зафира”, Азизов Сафар Тағоймуродович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Б.Ғаффуров ба самти маҳаллаи Зарафшон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста пиёдагард, Каримова Басбиби Маҳмудовна, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Каримова Б.М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, худи ҳамон рӯз дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
21-уми июли соли 2025, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лекс RX 450 Н”, Алиева Гулнора Ҳафизовна, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Бохтар-Душанбе”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Оби Шифои ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, ба чуқурии дар канори рости роҳи мошингард автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда Алиева Г.Ҳ. мусофирони дар дохили автомашина буда Алиева Мунира Ҳафизовна, соли таваллудаш 1967, Шаҳзодаи Шамс, соли таваллудаш 1991, Ҳакимова Гулдаста Эмомовна, соли таваллудаш 1981, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистари гардидаанд ва мусофири дигараш, Раҳимова Шаҳло Ҷумахоновна, соли таваллудаш 1996, сокини пойтахт ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
21-уми июли соли 2025, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хондай Сантафе», Шарипов Шароп Соқиевич, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингард аз самти ноҳияи Зафаробод ба самти шаҳри Истаравшан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан чархи тарафи рости пеши автомашина корношоям шуда, ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба тарафи чапи канори роҳ муқобили самти ҳаракат баромада, чаппа шудааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Шамсиев Раҳим Азимович, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Деваштич ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
21-уми июли соли 2025, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Газабов Туйчибой Исмоилович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Панҷ ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди “Душанбе-Панҷи-поён”, аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Панҷ воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қумсангир, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард, Шодиева Сайпочо Мирзошарифовна, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Ҷайҳунро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Шодиева С.М. ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмони бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.



















