Ифшо шудани ҳолати азонихудкунии маблағи сокинон
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 40-солаи сокини ноҳияи Айнӣ аз моҳи сентябри соли 2017 то ин ҷониб дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ кору фаъолият намуда, бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш барои истифодабарии захираҳои иловагии ҷангал аз 7-нафар сокинони ноҳияи мазкур ба маблағи 13 ҳазору 170 сомониву 16-дирамро тариқи нақди гирифта, маблағҳои мазкурро ба суратҳисоби муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи нагузаронида, азонихуд намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятии оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















