Ба худкушӣ расонидани ҳамсар
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони ба худкушӣ расонидан дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, соли 2011 бо зани 34-солаи сокини ҳамонҷо оила барпо намуда, дар давоми зиндагии якҷояашон гумонбаршаванда нисбати ҳамсараш муносибатҳои сангдилона раво дида, мунтазам бо роҳи таҳдид муомилаи бераҳмона ё пастзании эътибори ӯ баҳсу мунозира намуда, аз ин ҳолат ҷабрдида дилгир ва ҳолати руҳияш хароб гардида, 14-уми июли соли 2025, пас аз ҷангҷоли охиронашон худашро ба дарёи Зарафшон, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Амондара партофта, ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















