Дастгир гардидани зан барои расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 30-солаи сокини шаҳри Бустон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 19-уми июли соли 2025, тахминан соати 00:30-дақиқа, бо ҳамроҳии шиносаш марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур дар ҳолати мастӣ, дар кӯчаи Қ.Раҷабови ҳамин шаҳр аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷангҷол намуда, бо корди хоҷагии бо худ доштааш 1-маротиба ба пойи рости ҷабрдида зарба зада ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















