Дастгир гардидани марди 29-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 68-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми июли соли 2025, тахминан соати 10:30-дақиқа, шахсони номаълум ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоев қарор доштанаш бо тариқи зуроварӣ ва ошкоро аз ҷайбаш маблағи 3 ҳазору 960-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

















