Дастгир гардидани ду нафар бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми июли соли 2025, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахси номаълум теризаи автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тойота-Королла-3”-ро шикаста, аз дохилаш ягон чиз дарёфт накарда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Бохтар, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 40-солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 10-уми июли соли 2025, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар кӯчаи Назаршоеви пойтахт шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “БМВ” 22 ҳазор сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 32-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















