Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар

12-уми июли соли 2025, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи электрони “DONGEHG”, Ҳасанов  Илҳомҷон  Қарахонович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”, ҳангоми расидан дар километри 98-700 ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чаппи роҳ баромада ба симчуби равшандиҳандаи канори роҳ бархӯрда  автомашинаро  чаппа кардааст.  
Дар натиҷа, ронанда Ҳасанов И.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
12-уми июли соли 2025, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Кобалт», Ҷалолов Алишер Асламович, соли таваллудаш 1973, шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Панҷакент-Айнӣ» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Л.Шералии шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ Соҳибов Муҳриддин Наҷмиддинович, соли таваллудаш 2013, сокини шаҳри Панҷакентро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарони ноболиғ Соҳибов М.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
12-уми июли соли 2025, тахминан соати 14:10-дақиқа, ронандаи микроавтобуси тамғаи “Мерседес Бенс Спринтер” Нурулоев Ҷамшед Сафаралиевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Б.Ғафуров аз самти кӯчаи Ҷ.Расулов ба самти кӯчаи Н.Махсум, пиёдагард Муҳаммадиева Моҳира, соли таваллудаш 1941, сокини пойтахтро, ки роҳи мошингардро аз рост ба чап мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Муҳаммадиева М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас ва бистарӣ карда шуда, баъд аз 4 соат дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
12-уми июли соли 2025, тахминан соати 13:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Соҳибзода Баҳманёр Хайрулло, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Офтобрӯйи шаҳри Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Арабеков Умрон Ҷӯрабекович, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Исфараро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагард Арабеков У.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
12-уми июли соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, Ватанов Ҳикматулло Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Кангурт ба самти ноҳияи Данғара дар ҳудуди деҳаи Дӯстӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, таҳти идораи ронанда, Маликов Холназар Ҳукумович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Данғара бармехӯрад. 
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Опел Астра” Ватанов Абдулваҳоб, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Данғара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат  расидааст.
12-уми июли соли 2025, тахминан соати 19:20-дақиқа, ронандаи мотороли сечархаи тамғаи “Муравей”, Сайдалиев Раҷабали Сафаралиевич, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Вахш 9 нафар мусофиронро дар ядак (боғоҷаш) савор карда, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зарнисори ноҳияи Вахш аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, ба чуқури сарозер шудааст.
Дар натиҷа, мусофиронаш: Қурбонова Гулрухсор Сафаровна, соли таваллудаш 1989, Сайдалиева Зебунисо Сафаровна, соли таваллудаш 1982, Сайдалиева Малика Сафаровна, соли таваллудаш 1983, сокинони ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва Вахш, дар ҷойи ходиса ба ҳалокат расидаанд ва Сайдалиева Зулайхо Абдуллоевна, соли таваллудаш 1979, Шоева Мушкинисо Сафаровна, соли таваллудаш 1985, Қурбонов Абдулло Иброҳимович, соли таваллудаш 2018, Сафарзода Ҷалолиддин Раҷабали, соли таваллудаш 2016, сокинони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
13-уми июли соли 2025, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи атомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Лақаев Насрулло Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкур аз уҳдаи идори воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “Шакман”, таҳти идораи Завқибеков Зикиллобек Шодибекович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Хоруғ, ки дар канори роҳ беназорат, меистод бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ёров Бозор Холович, соли таваллудаш 1952 ва Қосимов Ҳайдар Тавакалович, соли таваллудаш 1966, сокинони шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

14.07.2025 8:26
57