Ифшо шудани дуздӣ аз дохили автомашинаи боркаш
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 56-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 1-уми июли соли 2025, тахминан соати 15:50-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Абай қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес Бенс”, телефони мобилиаш тамғаи “Самсунг М12”, ки арзишаш 1 ҳазору 500 сомонӣ ва аз ҳамёни электронии “Душанбе сити” 7 ҳазору 400 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 8 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ки пеш бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, марди 32-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

















