Ба худкушӣ расонидани ҳамсар
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини ноҳияи Зафаробод муддати зиёд нисбати ҳамсараш зани 28-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро ба худкушӣ расонидааст.
Номбурда бинобар муомилаҳои бераҳмона ва ҷабру зулми шавҳараш 10-уми июли соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар оғилхонаи манзили истиқоматиаш худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршавада бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














