Дастгир гардидани ҷавонзани 26-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 8 ба 9-уми июли соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 5 ҳазору 300 доллари амрикоӣ, 5 ҳазор рубли русӣ ва 2 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 61 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонзани 26-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















