Дастгир гардидани марди 31-сола барои расонидани ҷароҳат ба ҳамдеҳааш
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 29-уми июни соли 2025, тахминан соати 13:00, дар ҳудуди заминҳои саҳроии деҳааш қарор дошта, бинобар мавҷуд будани хусумати қаблӣ нисбати ҳамдеҳааш, ҷавони 20-сола, бо мақсади қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ аз қисми дари автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра», 1-адад корди хоҷагиро гирифта, бо он мусаллаҳ гашта, ба қисми ақиби пойи чап ва ангушти дастпанҷаи рости ҷабрдида зарба задааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун ҷароҳати «Вазнин» ба саломати мансуб дониста шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














