Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзҳои 4-5-уми июли соли 2025 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба "Таэквондо-ВТ" миёни наврасонни хурд доир гардид. 
Дар мусобиқа варзишгарони Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар ин мусобиқа  варзишгарон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок дошта, шумораи иштирокчиёни мусобиқа зиёда аз 160 варзишгарро ташкил медод. Чун ҳамасола варзишгарони хурдсол ба мусобиқа тайёрии хуб дида буданд. 
Дар фарҷоми мусобиқа ба онҳо медал, диплом ва Сипосномаҳо тақдим карда шуд.

10.07.2025 15:10
27