Дастгир гардидани зани 58-сола барои ташкил намудани фоҳишахона
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 58-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, 4-уми июли соли 2025, тахминан соати 16:00, ба марди 28 ва зани 33-солаи сокинони ноҳияи Фархор ва шаҳри Норак барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, бар ивазаш 300 сомонӣ ҳаққи хизмат гирифтааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















