Дастгир гардидани ҷавони 28-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 11-уми майи соли 2025, тахминан соати 05:40-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш як адад ангуштарини тиллоӣ, 15 ҳазору 200 сомонӣ ва 600 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 23 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
















